Дарси 8
Бумиёни рақамӣ, имконият ва таҳдидҳои олами маҷозӣ
МАТН
Азизон, дарсҳои омӯзишии мо идома доранд. Агар ёдатон бошад, мо дар дарси пешин бароятон доир ба далелсанҷӣ, сабабҳои пайдоиш, хусусият, ҳадаф ва вазифаҳои далелсанҷӣ, объекти далелсанҷӣ муҳимияти санҷиши изҳороти расмӣ ва бастагии далелсанҷӣ бо фаъолияти рӯзноманигорӣ маълумот дода будем ва итминон дорем, ки шумо аз ин дарси мо баҳра бардоштед.

Ҳамакнун фурсати он расидааст, ки мо мавзӯи " Бумиёни рақамӣ, имконият ва таҳдидҳои олами маҷозӣ"-ро баррасӣ карда, бароятон перомуни моҳияти насли рақамӣ, тавсиф, хусусият ва вежагиҳои ин насл, имконият ва бурдҳои насли рақамӣ, бастагии насли рақамӣ ба олами маҷозӣ, таҳдид ва хатарҳои олами маҷозӣ барои насли рақамӣ маълумоти муфассал ва муҳимро пешниҳод кунем. Хотиррасон мекунем, ин дарси мо қабл аз ҳама ба наврасон ва навҷавонони синни аз 13 то 18 сола, ҳамчунин "насли рақамӣ" ва волидайни онҳо дахл дорад.

Бумиёни рақамӣ киҳо ҳастанд?
Мо дар дарси 3 ба шумо дар бораи саводи рақамӣ ва рӯзноманигории рақамӣ маълумот дода будем ва шумо як андоза доир ба мафҳуми "саводи рақамӣ" иттилоъ пайдо кардаед. Ҳоло мо дар бораи вожаҳои нав - "насли рақамӣ" ҳарф мезанем, ки онро баъзан бо шеваҳои дигар "насли диҷитолӣ" ва ё "насли нав" низ мегӯянд.

Фановариҳо ё технологияҳои рақамӣ оламро хеле дигар кардаанд. Ҳама, ҳатто кӯдакон ва наврасон низ торафт ба интернет дастрасии бештар пайдо карда истодаанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои муътамад наврасон ва ҷавонони синни 13-18 сола ҳоло аз қишре ба ҳисоб мераванд, ки дар истифодаи интернет пешдастӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳудуди наздик ба 1 миллион нафар дар синни аз 13 то 18 сола ба сар мебаранд. Бино ба маълумоти таҳлилгарони ватанӣ қариб нисфи наврасон ва навҷавонони аз 13 то 18 сола ба Интернет дастрасӣ доранд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, дар кишварҳои пешрафта то 71% ин қишр дар олами маҷозӣ фаъол ҳастанд.

Ҳарчанд, ки мактаббачагони Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи Интернет нисбат ба ҳамсолони худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ андаке дертар шурӯъ карда бошанд ҳам, ҳоло аз қишри хеле фаъоли корбарони интернетӣ маҳсуб мешаванд. Ба ин кор тағйиротҳо дар барномаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ду сол инҷониб омӯзиши фани технологияҳои иттилоотиро аз синфи 5 ( ба ҷойи синфи 7) пешбинӣ кардааст, таъсири мусбӣ расонидаанд.

Бино ба маълумоти пажӯҳишгарони ватанӣ Интернет ҳоло барои кӯдакон ва наврасони тоҷик низ як дастёри беминнат аст. Шабакаи умумиҷаҳонӣ – як манбаъи хеле хуби дастрасӣ ба донишҳои нав буда, ба таҳсилу омӯзиши онҳо кӯмак мерасонад ва имкони истироҳату фароғатро ҳам фароҳам овардааст.

Компютер, телефони мобилӣ, дигар дастгоҳҳои рақамӣ, Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ тӯли 20 соли охир зиндагии одамони оламро ба куллӣ тағир дод. Технологияи рақамӣ дар ҳоли ҳозир ба василаи муҳими фаъолият ва иртиботи инсони муосир табдил шудааст. Ӯ дигар бештар ба ҳаёти маҷозӣ одат кардааст. Аз ин ҷо фаҳмишҳое чун "воқеияти маҷозӣ" пайдо шуданд. Дар пасманзари таъсири ҷаҳонишавӣ раванди дигаре бо ном рақамикунонӣ ("цифровизация") пайдо шуд.

Насли рақамӣ - онҳое мебошанд, ки ҳоло то 30 сола буда, дар олами компютер, телефонҳои мобилӣ, видеокамера, бозиҳои видеоӣ ва технологияҳои навин ба воя расидаанд. Онҳо ҳамарӯза дар Интернет дар ҷустуҷӯ ҳастанд, паёмҳои электронӣ ва SMS мефиристанду қабул мекунанд, аз технологияҳои нав ба хубӣ истифода менамоянд. Онҳо иттилоотро зуд мегиранд, бо графика нисбат ба матн беҳтар кор мекунанд ва гиперматн барояшон дар қиёс ба матни оддӣ ошною ҷолибтар аст.

Ибораи "насли рақамӣ" асалан решаи баромадаш аз англисии "digital generation" аст. Аммо дар дар ин замина ибораи "Native Digital" бештар маъмул аст. Агар ибораи "Native Digital" -ро таҳтулафзӣ тарҷума кунем, маънии "зодагони сарзамини рақамӣ"-ро дорад. Дар забони русӣ мафҳумҳои "насли рақамӣ", "зодагони олами рақамӣ" "аҳолии рақамӣ" "халқи рақамӣ" "насли Z" истифода мешаванд.

Бумиёни рақамӣ чӣ имкониятҳо доранд?
Насли рақамӣ қобилият ва маҳорати хуби истифодабарӣ аз аксарияти технологияи рақамиро дорад. Насли рақамиро ба шеваи дигар "муҳаррики рушд" мегӯянд.

Насли рақамӣ имрӯз имконияти дар фурсати кӯтоҳ анҷом додани корҳои ҳаҷман зиёдро дорад ва ҳоло технологияҳои рақамиро барои омӯзиши мустақилона, таҳсили онлайнӣ ва фосилавӣ, рушд ва эҷодиёт самаранок истифода бурда метавонад.

Бумиёни рақамӣ имконияти гирифтан ва коркарди иттилооти зиёдро дар фурсати кам дорад ва ин шароит фароҳам меорад, то аз аксари мушкилоти ҷомеа огаҳӣ ва дар мавридҳои зарурӣ дар ҳалли ин мушкилиҳо таъсир дошта бошад.

Технологияи рақамӣ ба насли нав имконияти омӯзиш ва ба вуҷуд овардани касбу корҳои навро фароҳам овардааст. Аз ин ҷост, ки насли рақамӣ дар бозори меҳнат ҳамчун кадрҳои дар оянда рақобатпазир ва серталаб имконият ва бартариҳои бештар дорад.

Таҳдид ва хатарҳои олами маҷозӣ?
Бешак, интернет як манбаи хеле арзишманди касби донишҳои нав, имкони таҳсил ва фароғат аст. Аммо дар баробари ин, дар роҳравҳои шабакаи умумиҷаҳонӣ як қатор хатару хавфҳо ниҳон ҳастанд, ки бахусус ба таъмини амнияти кӯдакон ва наврасон таҳдидҳо эҷод мекунанд.

Бино ба таъкиди "Озмоишгоҳи Касперский" ҳоло аксари кӯдакон ва наврасон дар интернет видео ва аксҳои хандаоварро тамошо карда, саргарми бозиҳо ҳастанд. Онҳо инчунин бо дӯстони худ дар робита мешаванд, филм ё сериалҳоро тамошо карда, ба мусиқӣ гӯш медиҳанд, дарсҳои худро омода месозанд ва хабарҳои навинро мутолиа мекунанд. Дар назари аввал кори хубест, аммо дар ин раванд ҳар лаҳза интернет хатарзо низ ҳаст.

Муҳаққиқон таҳдидҳои Интернетро чунин табақабандӣ кардаанд:
1) Хатарҳои муҳтавоӣ
Ингуна хатарҳо бо масрафи иттилооте, ки дар Интернет интишор шуданд, вобаста мебошанд ва маъмулан аз муҳтавои номуносиб ва ғайриқонунӣ иборат аст. Яъне дар ин матлабҳо хушунату зӯроварӣ, эротика, порнография, забони хашин, кинаву адовати нажодӣ, худкушӣ, қимор, маводи мухаддир ва ғайра таблиғ мешаванд.
2). Амнияти электронӣ
Хавфҳои марбут ба амнияти электронӣ ба фаъолиятҳои гуногуни сайберӣ дахл доранд, ки ифшои маълумоти шахсӣ, дастрасӣ ба шабака аз компютери хонагӣ бо сатҳи пасти ҳифз (хавфи дучор шудан ба ҳамлаи вирусӣ), қаллобии онлайнӣ, ҳарзанома (спам) дар интернет ва ғайра иборатанд.
3). Таҳдидҳои иртиботӣ
Хавфҳои иртиботӣ ё муошират ба муносибатҳои байниҳамдигарии корбарони Интернет алоқаманд буда, аз ҷумла тамоси педофил ва кӯдак, озор ва азияти сайберӣ ва дигарро дар бар мегиранд.

Инҷо мо бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо ва натиҷаи таҳқиқотҳо инчунин чанд хатару таҳдидҳои дигари олами маҷозиро, ки бештар ба таҳдидҳои муҳтавоӣ ва муоширатӣ дахл доранд, тасниф мекунем:
- Кӯдакро дар Интернет матлабҳои номуносиб ва ғояҳои тундрав муҳосира мекунад, ки дар баъзе ҳолатҳо аз фарди солим ва дурусттарбия як кӯдаки бо ахлоқи ношоиста табдил мешавад.
- Олами маҷозӣ кӯдаки имрӯзаро аз олами воқеӣ дур мекунад ва аз воқеияти давраи кӯдакӣ бебаҳра мемонад.
- Дар интернет ба кӯдак аз ҳама бештар ҳуҷумҳои равонӣ таҳдид мекунад, ки метавонад, ҳолати равонии ӯро дигар кунад.
- Дар интернет метавонанд, бо роҳи фиреби кӯдак тамоми маълумоти шахсии ӯро ба даст оваранд.
- Кӯдак метавонад, дар интернет қурбонии озору азият (кибербулинг) гардад.


Кибербуллинг — ин озору азият дар интернет аст, ҳоло дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонони тоҷик низ маъмул шудааст. Одатан, он дар шакли маводи матнӣ, зангҳо, почтаи электронӣ ё чатҳои онлайнӣ бо истифода аз тасвир ва видеоклипҳо рух медиҳад. Тибқи омор чунин ҳолатҳои тарсондани одамон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Умуман, моҳиятан сайберозорӣ ба озору азияти офлайнӣ шабоҳат дорад, вале хатарноктар ба шумор меравад, зеро аз назари равоншинохтӣ ҷабрдида бештар ранҷ мекашад.

Дар баробари ин волидайн низ дар мавриди истифодаи интернет аз ҷониби фарзандонашон хавотир ҳастанд, ки онҳоро таҳдидҳои муайян думбол гирифтааст:
- онҳо метарсанд, ки интернет барои саломатии фарзандонашон таъсири манфӣ дорад
- фарзандонашон ба бемории вобастагии интернет дучор мешаванд
- метарсанд, ки фарзандонашон бо муҳтавои номуносиб ошноӣ пайдо мекунанд
- хавотир ҳастанд, ки дар интернет бо бегонагон ошноӣ пайдо хоҳанд кард
- ва ин ошноии маҷозӣ ба воқеият табдил мешавад


Ҳоло фурсате расидааст, ки аз беҳдошти рақамӣ мухтасар суҳбат кунем. Беҳдошти рақамӣ ин роҳнамоест дар мавриди таъмини беҳтари амнияти дастгоҳи рақамӣ ва маълумоти дар он мавҷудбуда ва ҷорӣ кардани назорати дастгоҳҳои рақамии фарзандон аз ҷониби волидайн аст.

Аз ин рӯ ба волидайн зарур аст, ки беҳдошти рақамиро татбиқ намоянд: антивирус, барномаҳои назорати волидайнро дар дастгоҳҳои рақамии истифодабарандаи фарзанди хеш насб карда, таърихи браузери ӯро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд.

Агар фарзандон ба ин кор монеа эҷод кунанд, фаҳмонанд, ки ин ҳуқуқи волидайнии онoҳост. Вақте ки ӯ ба воя мерасад ва алоҳида зиндагӣ мекунад, қоидаҳои худро хоҳад дошт, аммо ҳоло ҳошияро волидайн муайян мекунанд.

Интернет дар баробари бартариҳои зиёд, воқеан як муҳити заҳролуд низ ҳаст, аммо комилан ҷудо кардани кӯдакон аз он имкон надорад. Беҳтараш муносибати боэътимод бояд барқарор кард, то фарзандатон бо шумо дар бораи ҳар чизе, ки ӯро ошуфтааст ё ташвиш медиҳад, сӯҳбат кунад.

Хулоса

· Насли рақамӣ - онҳое мебошанд, ки дар олами компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, видеокамераҳо ва бозиҳои видеоӣ технологияҳои навин ба воя расидаанд.

· Аз хатарҳое, ки интернет ба думбол дорад, огоҳ бояд буд, аммо бо манъ кардан мушкилот ҳал нахоҳад шуд.

· Дар интернет барои кӯдакону наврасон ҳуҷумҳои равонӣ хеле зиёд аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯро ба як зоча табдил дода идора кунанд. Бинобар ин волидайн аз беҳдошти рақамӣ самаранок истифода бояд баранд.

· Ба волидайн зарур аст, гоҳо дар бораи таҳдидҳои шабакавӣ бо фарзандони худ суҳбати бозу озод доир намоянд.

· Ба волидайн зарур аст, ки нисбат ба фаъолияти шабакавии фарзандони худ дар Интернет беҳдошти рақамиро татбиқ намоянд


mediasavod.tj
медиамотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури интиқодӣ, критическое мышлен

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.